Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 ҷангӣ дар Мироншоҳ


Бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар сарзаминҳои қабиланишини марзи Покистон бо Афғонистон дастикам 4 ҷангии дигар кушта шудаанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ин ҳамла дар ҳошияи Мироншоҳ, бузургтарин шаҳр дар як минтақаи қабиланишини Вазиристони шимолӣ рух додааст. Ба гуфтаи як мақоми амниятӣ, алайҳи мошини ҷангиён, ки дар назди як манзил истода буд, ду мушак партоб шуд.
XS
SM
MD
LG