Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рассомҳо дар пуштибонии терроризм айбдор мешаванд


Дар Испания алайҳи як рассоми карикатурист ва ҳамтоии марокашии ӯ расман дар пуштибонӣ аз терроризм иттиҳом эълон шуд. Онҳо дар Интернет сабтҳои видеоӣ, матн ва расмҳое нашр мекарданд, ки фаъолияти шабакаи “Ал-Қоида” мусбӣ нишон медод. Рассоми муқими шаҳри Сарагоса Гонсало Лопес Ройо иттиҳомро рад кард ва изҳор намуд, ки намехост бо карикатурҳои худ касеро озор диҳад. Агар додгоҳ гуноҳи Ройо ва ҳамтои марокашии ӯро собит кунад, онҳо барои яку нимсолӣ аз озодӣ маҳрум карда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG