Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон ва Пекин музокиротро аз сар мегиранд


Чин ва ИМА мехоҳанд, ки охирҳои моҳи май музокирот оид ба масоили муҳими сиёсӣ ва иқтисодиро аз сар бигиранд. Дар ин бора Қин Янг, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, низоъи феълӣ дар атрофи ширкати интернетии амрикоии Google, "дар сурати ангезаи сиёсӣ нагирифтанаш, дар равобити миёни ду кишвар мушкил эҷод нахоҳад кард". Пекин аз тасмими Google дар мавриди лағви сензура барои истифодабарандагон дар Чин шадидан интиқод кард. Ширкат ҳамчунин хабар дод, ки таҷҳизоти ҷустуҷӯии худро аз қаламрави Чин ба Ҳонконг интиқол додааст.
Моҳи январ Google эълом дошт, ки аз сӯи хакерҳои чиноӣ шикаста шудани почтаи электронии ҳомиёни ҳуқуқи башар ва тасмими Пекин барои ҷорӣ кардани сензура дар Интернет ширкатро барои тарки бозори Чин водор месозад. Дар Чин аз ҳама бештар дар ҷаҳон - 384 миллион нафар аз интернет истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG