Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси ИМА тарҳи ислоҳоти Обамаро тасвиб кард


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико тарҳи ислоҳоти Барак Обама барои системаи тандурустӣ дар ин кишварро тасвиб кард.

Тарҳи мазкур дар нишасти Маҷлиси намояндагони ИМА баҳсҳои зиёдро ба бор овард ва вакилони Ҳизби демократ, ки Барак Обама ин ҳизбро намояндагӣ мекунад, бо вуҷуди мухолифати намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳон тавонистанд, пуштибонии аксари аъзои Маҷлисро ба даст биёранд.

Тарҳи ислоҳоти раисиҷумҳури Амрико ба маротиб коҳиш додани арзиши бимаи табобат ва барои тамоми шаҳрвандони ин кишвар дастрас кардани онро дар назар дорад. Тибқи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 миллион аҳолии ИМА аз бима барои табобат маҳруманд ва ё бо қисман аз он бархурдоранд.

Ислоҳоти риштаи бимаи тиббӣ аз ваъдаҳои умдаи пешазинтихоботии раисиҷумҳур Барак Обама буд ва ба ин далел раъйгирии имрӯза пирӯзии ҷиддӣ барои Обама низ дониста мешавад. Раисиҷумҳури Амрико акнун бояд бо имзои қонун онро дар маърази иҷро гузорад. Ин бузургтарин ислоҳотииҷтимоӣ дар Амрико аз соли 1965 ба ин сӯст.

Барои пиёда кардани тарҳи ислоҳоти Барак Обама, яъне таъмини тамоми шаҳрвандони Амрико бо бимаи табобат, ҳукумати ин кишварро мебояд 600 миллиард доллар сарф кунад, ки аз ҳисоби андозу молиёт хоҳад буд.

Тарҳи ислоҳоти Обама ҳамчунин мухолифони зиёд дар ҷомеа ва ҳукумати ин кишвар дорад, ки сарфи маблағҳои ҳангуфт аз ҳисоби буҷаи давлатро нолозим мешуморанд. Ахиран дар шаҳри Вошингтон даҳҳо ҳазор мухолифони ин тарҳи ислоҳот роҳпаймоии эътирозӣ баргузор карданд.

Мухолифони тарҳи раисиҷумҳури Амрико бар ин назаранд, ки тахассуси садҳо миллиард доллар барои бахши тандурустӣ боиси тавсеаи фасодӣ ва касодӣ дар иқтисоди кишвар хоҳад шуд.

Амрико яке аз кишварҳои дорои соҳаи пешрафтаи тиб мебошад. Ҳарсола барои бахши тандурустии ИМА ҳудуди 2,2 триллион доллар ҷудо мешавад, ки 16 дарсади буҷаи ин кишварро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG