Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни бимаи тиббии Амрико тасвиб шуд


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико тарҳи қонуни хеле муҳими бимаи тиббиро тасвиб кард. Вакилони демократ бо вуҷуди мухолифати ҷумҳурихоҳон тавонистанд, пуштибонии аксари аъзои Маҷлисро ба даст биоранд. Қонуни нав беш аз 30 миллион амрикоиро таҳти пӯшиши бимаи тиббӣ қарор медиҳад. Ислоҳоти риштаи бимаи тиббӣ аз ваъдаҳои умдаи пешазинтихоботии раисиҷумҳур Барак Обама буд ва ба ин далел, раъйгирии имрӯза як имтиҳони ҷиддӣ барои Обама низ дониста мешуд. Обама бояд акнун бо имзои қонун онро дар маърази иҷро гузорад. Ин бузургтарин ислоҳоти ҷитимоӣ дар Амрико аз соли 1965 ба ин сӯст.
XS
SM
MD
LG