Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои мушакӣ дар Датахел


Ҳамлаи мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эҳтимолан амрикоӣ дар як минтақаи таҳти назорати ҷангиён дар наздикии марзи Покистон бо Афғонистон ба як манзил ва як мошин асобат карда, дастикам 4 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Мақомот мегӯянд, ин ду ҳамла дар минтақаи Датахели устони Вазиристони шимолӣ рух дод. Ҳуввияти кушташудагон ҳанӯз маълум нест.
Минтақаҳои қабиланишин дар ҳошияи марзи Покистон бо Афғонистон аз пойгоҳҳои умдаи ҷангиёни Ал-Қоида ва Толибон дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG