Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Узбакистон 228 вагон дармондааст


Сомонаи русии “Гудок” менависад, дар қаламрави Узбакистон 228 вагони ҳомили борҳое, ки бояд ба Тоҷикистон бурда мешуд, банд мондааст. Андрей Тропин, як масъули бахши боркашонии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба ин расона гуфтааст, ки аксари вагонҳои бандшуда ҳомили маводи сӯхт ва таҷҳизоти фаннианд. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Узбакистон ибтидо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои оҳан ва баъдан шулуғ будани он қисмати роҳро, ки аз минтақаи Талимарҷони Туркманистон мегузарад, баҳона овардаанд.
Муовини вазири нақлиёти роҳи оҳани Туркманистон Гелдимурод Амонҷоев дар сӯҳбат бо нашрияи “Гудок” шулуғ будани масирҳои ба сӯи Эронро тасдиқ кардааст. Аммо мақомоти Тошканд аз шарҳи мавзӯъ сар печидаанд.
Бо ин ҳол, таҳлилгарон бурузи мушкилот дар ҳамлунақли борҳои роҳи оҳан ба Тоҷикистонро пайомади танишҳои бархоста дар равобити Душанбеву Тошканд медонанд, ки баъд аз маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун шиддати бештар гирифтааст.
XS
SM
MD
LG