Бонки осиёии рушд хабарҳои нашршуда пиромуни натоиҷи боздиди мудири кулли ин ниҳод дар умури кишварҳои Осиёи марказӣ ва ғарбӣ Хуан Миранда аз Тоҷикистонро ташреҳ кард. Дар пайи ин сафар бархе хабаргузориҳо бо истинод ба мақомоти Тоҷикистон гузориш доданд, ки Бонки осиёӣ сиёсати Душанбе дар риштаи энержиро пурра пуштибонӣ мекунад.
Аммо Бонки Осиёӣ дар шарҳи мавзӯъ гуфтааст, ҷонибдори сиёсати Тоҷикистон дар мавриди беҳбуди амнияти энержӣ, истифодаи муассири анвоъи энержӣ ва тиҷорати энержӣ ҳаст, вале дар қиболи тарҳи нирӯгоҳи Роғун аз азми Душанбе ҷиҳати анҷоми ташхиси лозими фанниву иқтисодӣ ва экологии ин барнома, ки бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва дар машварат бо кишварҳои ҳамҷавор анҷом шавад, истиқбол мекунад. Ёддошти тафоҳум дар мавриди анҷоми чунин ташхис, ки бахусус Узбакистон, ба он сахт исрор меварзад, рӯзи 12 март байни давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ имзо шуд.