Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми наврӯзии Барак Обама


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар паёми видеоие бо ибрози беҳтарин орзуҳо мардуми Эрон ва ҳамаи онҳоеро, ки Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд, табрик гуфтааст.

Вай дар паёми наврӯзии худ унвонии ҳукумати Эрон гуфтааст, пешниҳодаш дар мавриди муколама ва музокирот бо Эрон, ки соли пеш ҷониби ӯ матраҳ шуда буд, ҳамчунон ба қувваи худ боқӣ аст.

Дар паёми видеоӣ, ки бо тарҷумаи форсӣ пахш шудааст, Барак Обама гуфтааст, бо вуҷуди ихтилофоти назари Амрико бо ҳукумати Эрон, Иёлоти Муттаҳида хостори “ояндаи умедворкунандае” барои мардуми Эрон аст.

Аммо ӯ ҳамзамон гуфт, ҳукумати Амрико ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эъмоли таҳримоти нави Шӯрои амнияти СММ бар зидди Эрон талош мекунад, зеро ин кишвар ба тааҳҳудоти байналмилалии худ посухгӯ нест.

Ин дувумин паёми наврӯзии Барак Обама аст. Раисиҷумҳури Амрико нахустин бор соли гузашта мардуми Эронро бо иди Наврӯз табрик карда буд.

Паёми наврӯзии Ҳилларӣ Клинтон ба мардуми Тоҷикистон

Қаблан вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистонро бо фарорасии ин иди бостонӣ табрик гуфт.

Вазири хориҷаи ИМА дар номаи худ унвонии мардуми Тоҷикистон навиштааст, «ман аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям ва соли нави бо саодат, субот ва саломат орзу мекунам. Фарорасии ин иди бостонӣ ба ман имкон медиҳад, ки эҳтироми худро нисбати анъанаҳои ғанӣ ва мероси гаронарзиши таърихи шумо иброз кунам».

Вай афзудааст, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкории қавӣ доранд, ки аз эҳтиром ва манфиати тарафайн маншаъ мегирад. Вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, мо ҳамкориҳоро худро бо таҳким бахшидани амният ва суботи минтақа, рушди иқтисодёт ва соҳибкорӣ ва равобити фарҳангӣ идома хоҳем дод.


XS
SM
MD
LG