Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзӣ дар Донишгоҳ


Субҳи имрӯз, 20-уми март, сокинони Хоруғро садои даф дар майдони марказии шаҳр дар рӯбарӯи донишгоҳ барои таҷлили Наврӯз ҷамъ овард.

Ба гуфтаи ноиби садри Донишгоҳ Имомёрбек Қаландарбеков, ҳадафи баргузории ҷашн ба маърази намоиш гузоштани қобилияти санъатварии донишҷӯён ва анъанаҳои бостонии ин ҷашни мардумӣ будааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз кӯчаҳои шаҳр пур аз кӯдакону наврасон буд. Муассисоти маорифи шаҳр низ имрӯз ҷашни Наврӯзӣ доир карданд.

Дар ин ҷашн дар баробари ёд овардан аз анъанаҳои бостонӣ, хонандагони макотиб ва маорифчиён ҳунар ва дастовардҳояшонро ба намоиш гузоштанд.

Донишкадаи маълумоти касбии Бадахшон ба ҳозирин китобҳои дарсии нав барои хонандагони синфҳои ибтидоиро муаррифӣ кард, ки дар таҳияи онҳо дар баробари дигар олимони тоҷик 5 нафар мушовирони Донишкада саҳм гирифтаанд.

Мардум ҳамдигарро ба истиқболи Наврӯз ва соли нав бо нидои «Шогун баҳор муборак» таҳният мегуфтанд. Ҳунарнамоии шоирону овозхонҳо ва суханварону раққосон маҳфили ҷашни наврӯзиро таровати тоза мебахшид.
XS
SM
MD
LG