Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google бозори Чинро тарк мекунад


Ширкати интернетии амрикоии Google то рӯзи 10 апрели соли равон фаъолияти худро дар Чин комилан қатъ хоҳад кард. Як манбаъ аз ин ширкат ба расонаҳои чиноӣ гуфтааст, ки қарор аст рӯзи душанбе Google дар бораи сабабҳои берун шуданаш аз бозори Чин ва маблағи ҷубронпулӣ барои кормандони маҳаллӣ хабар диҳад.
Моҳи январ Google эълом дошт, ки аз сӯи хакерҳои чиноӣ шикаста шудани почтаи электронии ҳомиёни ҳуқуқи башар ва тасмими Пекин барои ҷорӣ кардани сензура дар Интернет ширкатро барои тарки бозори Чин водор месозад.
Дар Чин аз ҳама бештар дар ҷаҳон - 384 миллион нафар аз интернет истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG