Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибқи хабарҳо бамгузори аслии ал Қоида кушта шудааст


Гузоришҳои расида аз Вошингтон ҳокист, ки бар асари ҳамлаи мушакии ҳафтаи гузаштаи Амрико дар шимоли ғарби Покистон Ҳусейн ал Яманӣ-яке аз раҳбарони калидии ал Қоида кушта шудааст. Гузоришҳо аз қавли як мақоми аршад ва номаълуми хадамоти зидди террористии Амрико мегӯянд, Ҳусейн ал Яманӣ дар ҳамлаи мушакӣ дар Мироншоҳ-шаҳраки муҳими Вазиристони Шимолӣ дар минтақаи қабиланиши Покистон кушта шудааст. Яманӣ, ки худ зодаи Яман будааст, аз коршиносони аслии маводи мунфаҷира ва бамгузориҳо будааст. Вай дар барномарезиҳои инфиҷорҳои маргталабонаи Кобул бар зидди кормандони хадамоти кашфи Амрико ё CIA дар 31-ӯми декабри соли гузашта нақши аслӣ бозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG