Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистонро аз қарзи азиме халос карданд


Маҳфили 19 кишвари бузурги қарздиҳанда, мавсум ба “Маҳфили Порис” эълом кард, ки тамоми қарзҳои Афғонистон мебахшад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин созиши Афғонистон ва “Маҳфили Порис” билофосила истиқбол кард. Нил Волин – муовини вазири хазонадории Амрико гуфт, тасмими мазкур «баёнгари дастоварди муҳиме барои Афғонистон аст ва нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, дастовардҳои кишвар дар амри тақвияти иқтисодашро эътироф мекунад.” Бар асоси созише, ки рӯзи чаҳоршанбе имзо шуд, “Маҳфили Порис”, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ аз баҳри 1 миллиарду 600 миллион доллар қарзи Афғонистон мегузаранд.
XS
SM
MD
LG