Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурултойи мухолифини қирғиз дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек анҷуман ё қурултойи мухолифини қирғиз идома дорад. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Қирғизистон, дар анҷуман тақрибан яку ним ҳазор нафар ширкат доранд ва аммо раҳбарони мухолифин теъдоди ширкатдоронро дуву ним ҳазор нафар ҳисоб кардаанд. Аҳли қурултой хатми таъқибу фишори мухолифини сиёсӣ, қатъи маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро талаб доранд. Онҳо ҳамчунин алайҳи талошҳои ҳукумат барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ба хотири пурзӯртар кардани қудрат эътироз мекунанд.
Қурултой дар хиёбони канори ситоди иттиҳоди мухолифин мегузарад.
XS
SM
MD
LG