Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтсин


Рафиқон, бо қарори роҳбарони ноҳия, яъне аз боло, ба мо коғаз равон карда супориши навбатӣ дода шудааст, ки ба пешвози,.. номаш чӣ буд,.. Наврўз, дар сари хирман, дастурхони... номаш чӣ буд... канӣ, коғаз? Ҳа, ана, вай «дастурхон»-и пурра ҳам набудааст, мехонам: «Хо-ни Ҳафт-син» омода созем...

Шахсан ман худам, як шабу як рўз фикр кардам, ки ин ҳафтасинаш чӣ бошад, наёфтам. Майнаобкунӣ, номаш чӣ буд, фоида накард. Канӣ, акнун биёед, як бисёрӣ фикр кунем, ки ин Ҳафтсинаш чист ва онро пеш аз хўрок мехӯранд ё баъди авқоти шом?

Ман намедонам, ки он чи ки ман намедонам ба кадом қарор дохил намуда, ба мардуми қишлоқамон чӣ гуфта, муроҷиат кунем? Чӣ тавр онҳоро маҷбур кунем, ки ихтёран барои ин, номаш чӣ буд, ҳафтсин маблағ супоранд? Аз ҳисоби ҳамон якта нимта бузу бузғолаи аз маъракаҳои дигар, номаш чӣ буд, боқимондаашон ё...

Ин калонҳои ноҳияамон ҳам, дар номашон садқа, дар се рўз мондан, вай чияшон... номаш чӣ буд, илҳомашон мехе... бедор мешавад. О, ҳамин омадани Наврўзро-ку медонед. Як сол, ним сол пештар огоҳ кунед, намешавад? Мо ҳам, як инту, пешу пасамонро хабар мегирифтем. Мана ҳамин хел чизҳои монанди Ҳафтсин, номаш чӣ буд, даркориро гирифта, аз чашми кўдаку чўдак дуртар мемондем... Не! Ҳамин тезии кор ки омад, «давай-давай» сар мешавад. О, боз чия «давай!?»

Ман, шахсан худам, бо пои худам, ба хонаи раҳматии Шовалӣ рафтам. Ба ман гуфтанд, ки бачаи вай дар аскарию беваи очааш аз ҳамон, номаш чӣ буд, зормонда доштааст. Барои омадани писараш дар кадом кунҷаке пинҳон карда, мондагӣ будааст. Бо бева гапзанон кардам. Гуфтам, ки «агар дошта бошӣ деҳ, мо пулашро ҷамъ карда, номаш чӣ буд... медиҳем». Мегўяд, ки «Як мисқолак доштам, кўдакҳо ёфта хўрдаанд»...

Ман шарм доштам, пурсам, ки намуди ҳамон Ҳафтсини, номаш чӣ буд, номгум чӣ хела аст. Вай чӣ рангу бўе дорад. Бинобар ин ба бозорҳои калон одам фиристодам. Гуфтам, ки латтабозори «Корвон», оҳанбозори «Султони Кабир»-ро кобанд. Аз кўҳнафурўшакҳои «Аҷинабозор» пурсупос кунанд. Яке аз байни либосу оҳану, номаш чӣ буд, аҷина... ягон ним кило ё ақаллан ягон мушт пайдо мекардагистанд...

Канӣ, кӣ ягон гуфтание дорад?

- Раис, ҳоло ин Ҳафтсини мо дарди бахайр аст. Ба қишлоқи ҳамсоя, Ҳафтшин фармудаанд. Ана ёбу гиру кобу гард!.. Ман аз раиси маҳаллаашон пурсидам. Вай мегўяд, ки онҳо ҳам ҳамакаса Ҳафтшинашонро хеле кофта наёфтаанду, ниҳоят ба қароре омадаанд, ки ба ҳафт «Шахси Шинос, Шўҳратталабу Шўҳратпараст, Шаробу Шўрбою Шакароб» медиҳанд, ҷонашон халос, вақташон хуш!..

Э сабр кун!.. Боз ҳамин Ҳафтсини мо ҳам, ҳамон саф... Аниқ, Аниқ, ҳамин сафедӣ аст... Оҳ, ин калонҳои ноҳияи мо, номаш чӣ буд, пухтаанде... Раги заминро мефаҳманд... Тез ба назди сарҳадбонон тохта рав!

Ана инро «давай-давай» мегўянд!.. Ҳамин ки гап, номаш чӣ буд, аз ҳамон зормонда рафт «Саҳарии Содиқон, Сари Сарҳадбон Сабуку Суханаш Самимӣ» мебарояд. Ана Ҳафтсини вай, номаш чӣ буд, ростинчакӣ!

Ба онҳо гўй, ки бо орд бартер мекунем. Ҳафт линча орд, барои ҳафт кашидани... заданӣ... Номаш чӣ буд, хўрданӣ... Баъд онҳо орди бартерро сўзонда, ба воситаи телевизор нишон медиҳанд.

Ҳой, сағира, ту чӣ ин қадар «Наврўз омад!» гуфта шавқун бардоштӣ? Наврўз омад... Кани ҳоло Наврўз? Имрўзу пагоҳ ва пагоҳи дигар дар мактаб дарсҳо рафтан мегиранд. Ин қадар, номаш чӣ буд, шодӣ накун... Чӣ? Ҳа-а, Наврўзи бачаи Шовалӣ аз аскарӣ омад, гўй... Хайрияте... Ин тавр бошад, рав, аз корат намон. Рав. Аз номи ҳамаи мо беваи очаашро табрик кун. Гўй, ки амакиҳои калони деҳа гуфтанд, ки... Номаш чӣ буд, «омадани Наврўзат муборак бошад»...

Маҷлис тамом. Ҳама ба пешвози Наврўз, ба сари дастурхони раҳматии Шовалӣ меравем...

Ба аҳли олам иди аҳорро муборакбод мегўям! Илоҳо, ҳамеша саломат бошеду ҳеҷ гоҳ саратон дардро набинад! Хонаатон доим ободу худатон чун паланги сол, ба нобасомониҳои рўзгор, тобовар бошед!

Ҳаводори шумо, номам чӣ буд, Нурулло Абдулло.
XS
SM
MD
LG