Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухурди фаластиниҳо бо пулиси Исроил


Бар асари бархурди эътирозгарони фаластинӣ бо нерӯҳои пулиси Исроил дар қисмати арабнишини Байтулмуқаддаси шарқӣ ҳудуди сад нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Эъломи мақомоти Исроил дар бораи идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси шарқӣ авзоъро муташанниҷ кардааст.

"Рӯзи хашм"

Ба иттилои полис, баъд аз он, ки ҷунбиши Ҳамос дар посух ба тасмими Исроил барои бозсозии каниса дар қисмати қадимаи Байтулмуқаддас 16 мартро “рӯзи хашм” эълом кард, ба минтақа дастикам 3000 корманди ниҳодҳои интизомӣ фиристода шудааст.

Беназмиҳо дар ҳоле ба амал омадааст, ки сафари фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел ба минтақа, дар ҳошияи тавсеъаи рахнаи дипломатӣ миёни Исроилу Амрико, ба таъхир гузошта шуд.

Қаблан сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Филип Кровлӣ дар мавриди танишҳо нигаронӣ изҳор намуда ба оромӣ даъват кард.

Шаҳраксозии Исроил ва вокуниши ИМА

Вазъ дар минтақа баъд аз тасмими Исроил барои бунёди 1600 манзили нав дар қисмати арабнишини Байтулмуқаддаси шарқӣ муташанниҷ шуд. Фаластиниҳо қисмати шарқии Байтулмуқаддасро пойтахти ояндаи давлати Фаластин мехонанд.

Мақомдорони амрикоӣ ин иқдоми Исроилро маҳкум карданд ва онро “тавҳин” ба Вошингтон арзёбӣ карданд. Аз Исроил даъват шуд, ки аз нақшаи бунёди манзилҳо даст кашад.

Рӯзи душанбе сафири Исроил дар Амрико Мишел Орен дар сӯҳбат бо рӯзномаҳои исроилӣ изҳор дошт, ки ба хотири мавзӯи манзилҳо муносибатҳои Исроил ва Амрико дар пастарин сатҳаш дар тӯли 35 соли охир қарор дорад.

Кровлӣ афзуд, ки вазири корҳои хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар бораи ин нақша аз нахуствазири Исроил талабҳои мушаххас кардааст ва ҳоло Вошингтон мунтазири посух мебошад.

Исроил аз иқдомаш даст намекашад

Бенямин Нетаняху, нахуствазири Исроил барои тасвиби нақша ҳангоми боздиди Байден узрхоҳӣ кард, аммо вай гуфт, ки бунёди манзилҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддас мутаваққиф нахоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Исроил Авигдор Либерман талаби боздошти сохтмонро бе появу асос хонд. Вай ҳадс зад, ки танишҳои дипломатӣ миёни Вошингтону Исроил пушти сар хоҳад шуд, чун ки ҳеҷ кадом ҷониб дар густариши он манфиатдор нест.

Фиристодаи вижаи Амрико Митчел мебоист дирӯз ба Байтулмуқаддас меомад, аммо Вошингтон ҷониби исроилиро огаҳ кард, ки сафари фиристодаашро мутаввақиф кардааст.
XS
SM
MD
LG