Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Муҳаммадшариф Ҳимматзода


Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ, 11-уми сентябри соли 2009
Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ, 11-уми сентябри соли 2009

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустин раис ва раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ, субҳи рӯзи чаҳоршанбе, дар синни 59-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз ҳамроҳони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди мухолифин ва поягузори ҷараёни муқовимати сиёсӣ-мазҳабӣ дар Тоҷикистон буд. Дар соли 1991 вақте, ки ҲНИТ расман сабти ном шуд, ҷаноби Ҳимматзода ба унвони нахустин раиси он интихоб шуд. Агарчанд пешвои маънавии ин ташаккули сиёсӣ ҳамчунон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ маҳсуб мешуд.

Бо шурӯъи муқовиматҳои дохилӣ дар соли 1992 Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистон маҷбур ба тарки Ватан шуд. Дар оғози соли 1993, ӯ ҳамроҳ бо роҳбарони дигари ташаккулҳои мухолифи давлат ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар Афғонистон Ҳаракати наҳзати исломиро таъсис дод ва дар симмати муовини раиси ин ҳаракат фаъолият кард.

Ҳимматзода дар музокироти сулҳ

Соли 1994, ки музокирот миёни Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд, оқои Ҳимматзода муовини раиси ҳайати музокиракунунда аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик буд.
Ӯ тақрибан дар ҳамаи давраҳои музокироти сулҳ миёни ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ширкат кардааст.

Охирин сӯҳбати Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо радиои Озодӣ, 11-уми сентябри соли 2009
Баъди имзои Созишномаи умумии сулҳи ҷонибҳо дар соли 1997 ва таъсиси Камисюни оштии миллӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода, узви ин камисюн аз ҷониби мухолифон шуд. Ӯ дар сентябри соли 1997 аз ҳиҷрат ба Ватан бар гашт ва раиси Зеркомисюни ҳуқуқӣ дар Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон буд, ки як ниҳоди муташаккил аз раҳбарони нерӯҳои мухолиф ва ҳукумати Тоҷикистон буд.

Камисюни оштии миллӣ тарҳи ислоҳоти Қонуни асосиро таҳия намуд ва равнди бозгашти муҳоҷирон ба Ватан, ҳамоиши нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин бо артиши ҳукумат бо мусоидати бевоситаи ин ниҳод амалӣ шуд.

Баъди хадми кори КОМ оқои Ҳимматзода чанд муддат ба ҳайси сафири супоришҳои хос дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон фаъолият кард.

Ҳимматзода нахустин вакили ҲНИТ дар порлумон

Дар соли 2000-ум интихоботи порлумонии Тоҷикистон бар асоси ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки онро КОМ таҳия карда буд сурат гирифт. Ва номи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар феҳрасти ҲНИТ барои интихоботи Маҷлиси намояндагон дар мақоми аввал қарор дошт. Ва ӯ аввалин намояндаи ҲНИТ дар таърихи ин ҳизб буд, ки вакил ва вориди порлумон шуд.

Ҳамчунин дар интихоботи соли 2005 низ ӯ намояндаи ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Аммо аз соли 2003-2004 ӯ мубтало ба маризии тӯлонӣ шуд, ки дигар натавонист муназзам ва мустақим дар кори парлумон иштирок кунад.

Ӯ аз ваколат даст кашид

Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар баҳори соли 2009 ба нишони эътироз аз қабули Қонуни нави дини Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, ки мавриди интиқоди рӯҳониёни кишвар ва ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифта буд, аз ваколаташ дар порлумон даст бар дошт ва истеъфо дод.

Ӯ дуввумин вакил дар таърихи порлумондории Тоҷикистон буд, ки ихтиёран аз мақомми вакилӣ даст кашид, дар соли 1991 Бозор Собир, шоири саршинос низ довталабона ваколати худро пас дода буд.

Баъди даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 Анҷумани ҲНИТ оқои Ҳимматзодаро роҳбар ё пешвои маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб кард. Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба унвони як олим ва донишманди мазҳабӣ низ чандин кутуб ва рисолаҳои илмӣ таълиф ва ба нашр расонидааст.

Вай охирин бор дар соли гузашта бо радиои Озодӣ сӯҳбати пурмуҳтавое дар мавриди Қонуни нави дин, фаъолияти ҲНИТ ва фазои мазҳабӣ дар кишвар анҷом дода буд.

Маросими видоъ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, сотаи 15-и имрӯз, чаҳоршанбе, 17 март дар масҷиди Имом Бухорӣ, дар наздики манзили зисташ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG