Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимматзода аз порлумон даст мекашад


Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои маънавии ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон аз мақоми вакили Маҷлиси намояндагон истеъфо додааст.

Оқои Ҳимматзода бо ирсоли ариза унвонии мақомоти Маҷлис тасмими қатъи ваколати худ дар порлумонро вокуниш ба иқдомоти раиси Маҷлиси намояндагон хондааст, ки ҳама имтиёзоти вакилии ӯро лағв кардааст.

Дар аризаи Ҳимматзода ба порлумон омадааст:

"Ахиран, порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ва иттиҳодияҳои диниро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон мавқеъи хешро нисбат ба баъзе аз нуқсонҳои мавҷуда дар қонуни мазкур дар матбуот навиштам, зеро инро масъулияти динӣ ва ҳизбии ман тақозо мекард. Чӣ гуна ман ба унвони як шаҳрванди кишвар дар нисбат ба қонуне ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, хомӯш бинишинам, дар ҳоле, ки аз он тарафи уқёнус нисбат ба нуқсонҳои қонуни мазкур садои эътирози худро баланд карданд? Оё ман ҳамчун вакил ин ҳақро надорам, ки фикри худро дар ин мавзӯъ баён созам?

Нашри он мақола боиси нороҳатии раиси маҷлис ва дигар намояндагони мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин, раиси маҷлис дастур содир намуд, то имтиёзҳои бандаро маҳдуд созанд."


Ин ҳам дар ҳолест, ки омадааст дар матни аризаи оқои Ҳимматзода, қаблан, чаҳор маротиба бемории худро сабаб пеш оварда, хостори истеъфо аз ваколат дар порлумон шуда буд, аммо маҳз ҳамин раиси порлумон буд, ки бо мулоҳизоте ва махсусан бемори бистарӣ будани ӯро пеши рӯ оварда, ӯро аз ин кор бозмедорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, тасмими пешвои маънавии ҳизб дар ҳоле қатъӣ садо дод, ки раиси Маҷлиси намояндагон ва масъулони аз ӯ болотар дар раҳбарии кишвар аз чопи матолиби интиқодии оқои Ҳимматзода дар мавриди қонун «Дар бораи озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» нохуш ва нороҳат шуда, ибтидо, мошини хидматии ӯро пас мегиранд ва сипас бидуни ҳузури мустақим маош гирифтани ӯро миннат мегузоранд.

Дар аризаи истеъфои оқои Ҳимматзода таъкид шудааст, ки мошини хидматӣ ва маоши муқарраршуда ба ӯ на имтиёз, балки ҳаққи вакилии ӯст, ки мардум онро барояш додаанд. Аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Ҳимматзода, дуруст аст, ки фаъолияти ду ва ҳатто панҷ нафари дигарандеш дар порлумони Тоҷикистон чизеро иваз намекунад. Аммо, бо ин вуҷуд, мавҷудияти афроди қолабшикан ва соҳиби назари дигарро дар он хуш надоранд.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, аризаи пешвои рӯҳонии ҲНИТ ҷиҳати қатъ кардани ваколаташ дар Маҷлиси намояндагон дар чаҳорчӯбаи қонун ҳал нахоҳад шуд. Зеро, бар асоси қонуни ҷорӣ, истеъфо ва ё қатъи салоҳияти ин ё он вакил дар соли охири фаъолияти порлумон қабул нахоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то замони интихоботи навбатии порлумон камтар аз даҳ моҳи дигар боқӣ мондааст.

Истеъфо ва ё бо хоҳиши худ қатъ кардани ваколат дар Маҷлиси намояндагон аз сӯи Муҳаммадшариф Ҳимматзода сару садоҳои мухталифро эҷод кардаааст. Аз ҷумла, Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, иқдоми пешвои маънавии ҲНИТ навъе аз эътирози ин ҳизб ба қабули қонуни дин аз сӯи давлат аст, дар ҳоле, ки ҳизби наҳзати исломӣ мухолифи он буд.

Зимнан, ин нахустин мавриди истеъфои довталабона дар порлумони Тоҷикистон баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 аст, ки аз сӯи яке аз роҳбарони мухолифини пешини тоҷик садо медиҳад.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили ҲНИТ дар порлумони Тоҷикистон дар нахустин анҷумани баъди даргузашти муассиси ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 ба мақоми пешвои маънавии ин ҳизб баргузида шуд. То замони ҷангҳои дохилӣ ӯ раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи сулҳи мухолифин бо ҳукумат ӯ чанд муддат сафир оид ба супоришҳои махсуси давлати Тоҷикистон буд. Дар интихоботи соли 2000 ва 2005-уми Маҷлиси намояндагон аз феҳристи ҳизбӣ вориди порлумон шудааст. Аммо аз соли 2005 ба сабаби беморӣ наметавонад дар ҷаласоти Маҷлиси намояндагон ба таври мустақим ҳузур дошта бошад.
XS
SM
MD
LG