Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Паймони ИМА ва Исроил ногусастанист"


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, рад кард, ки баъди эъломи Исроил дар мавриди бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ муносиботи кишвараш бо Исроил “бӯҳронӣ” шудааст. Ҳилларӣ Клинтон рӯзи сешанбе гуфт, Амрико ба амнияти Исроил комилан мутааҳид аст ва ду кишвар, “паймони наздик ва ногусастанӣ” доранд. Айни замон хонум Клинтон гуфт, Вашингтон мехоҳад, ҳам Исроил ва ҳам Фаластиниён азми хеш барои расидан ба сулҳ бо миёнҷигарии Амрикоро нишон бидиҳанд. Иёлоти Муттаҳида, эъломи ҳукумати Исроил дар мавриди бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси Шарқиро маҳкум кард, ки фаластиниён он шаҳрро, пойтахти кишвари ояндаи худ медонанд. Ин эълом, масъалаи эҳёи музокироти ғайримустақими сулҳ миёни Исроилу Фаластиниёнро таҳти суол бурд.
XS
SM
MD
LG