Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар Тошканд бо Каримов мулоқот мекунад


Имрӯз боздиди дурӯзаи Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Ӯзбекистон оғоз шуд. Мақомоти расмии Қазоқистон гуфтаанд, масъалаҳои амнияти минтақаӣ, истифодаи муштарак аз манобеи обӣ дар дастури рӯзи мулоқоти оқои Назарбоев бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон қарор дорад. Аскар Абдураҳмонов-як мақоми расмии вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон ба хабарнигорон гуфт, Назарбоев ба Тошканд барои музокирот ва баррасиҳои ҳамаҷонибаи масъалаҳои ҳамкорӣ ба нафъи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад.
XS
SM
MD
LG