Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаёт"нашрияи нав дар бораи саломатӣ дар Бадахшон


Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", дар Хоруғ-маркази вилояти Бадахшони Кӯҳистонӣ нахустин шумораи нашрияи "Ҳаёт" аз чоп баромад. Муассиси ин нашрия Шӯрои ҳамоҳангии муолиҷа ва мубориза бо бемориҳои СПИД, сил ва табларзаи вилояти Бадахшон мебошад. Ин нашрия дар чаҳорчӯбаи барномаи "Помир бар зидди СПИД" чоп мешавад. Дар ин нашрия аслан маводи марбут ба бемориҳои СПИД, сил, майхорагӣ, муътодии маводи мухаддир ва маводи марбут ба таблиғи зиндагии солим ба табъ мерасад. Нашрия моҳе як шумора бо тирожи 800 нусха чоп ва ба таври ройгон ба хонадагон дода мешавад.
XS
SM
MD
LG