Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи қавии дигар Чилиро такон дод


Як заминларзаи қавии бо нерӯи 6.7 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер рӯзи душанбе манотиқи соҳилии Чилиро ларзонд. Ба гуфтаи Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико, заминларза дар 70 километрии шимолуғарби шаҳри Консепсион ба вуқӯъ пайвастааст, ки рӯзи 27 феврал бар асари заминларзаи 8.8 дараҷаӣ хисороти зиёде дод. Доир ба хисорот ва ё осеб дидани мардум дар ин заминларза ҳанӯз гузорише нарасидааст. Дар заминларзаи моҳи феврал бештар аз 500 нафар ҳалок шуда ва роҳҳову шаҳрҳо хароб шуданд.
XS
SM
MD
LG