Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи нашри барномаҳои “Озодӣ” дар расонаҳои Қирғизистон


Рӯзи душанбе дар назди бинои дафтари САҲА дар Бишкек тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст. Эътирозгарон шиорҳои "Аз “Озодӣ” дастатро бардор!», “Озодӣ” бояд рӯи амвоҷ барояд!”, “Садои мардумро хомӯш кардан имконнопазир аст!”-ро бо худ доштанд.

Ба гуфтаи онҳо дар Қирғизистон озодии баён зери хатари ҷиддӣ қарор дорад ва САҲА аз ин раванд бояд ҷилавгирӣ кунад. Гуфта шуд, қатъи пахши намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои родиоии бахши қирғизии Озодӣ дар шабакаҳои давлативу ғайридавлатӣ мардумро аз иттилои росту ошкоро маҳрум кардааст.

Таъкид гардид, ки дар панҷ соли ахир як гурӯҳ журналистон кушта шуданд, иддае аз хабарнигорон ба далели ҳифзи ҷони худ ба кишварҳои дигар фирор карданд. «Де-Факто», «Алиби», «Ачиқ сиёсат» ё «Сиёсати кушод» ва боз чанд нашрияи дорои мӯҳтавои оппозисиюнӣ баста шуданд, ки аз таҳдиди хатари ҷиддӣ ба озодии баён дар Қирғизистон шаҳодат медиҳанд. Ба гуфтаи ширкатдорони гирдиҳамоӣ ахиран чанд сомонаи интернетӣ масдуд шудаанд ва ҳукумати Қирғизистон талош ба харҷ медиҳад, ки мардум аз гирифтани иттилоҳои дақиқу ҳаққонӣ бебаҳра бимонад.

Ин хонум, ки худро сокини шаҳри Бишкек муаррифӣ намуд, мегӯяд, барномаҳои радиои Озодӣ умеди охирини мардуми кишвараш ба ҳайси иттилоҳои росту ҳаққонӣ мебошанд, ки перомуни таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Қирғизистон пахш мешаванд.

Тупчибек Турғуналиев, раҳбари созмони зидди табйизи мухолифони қирғиз гуфт, солҳои навадуми қарни пеш ҳукумати он давр аввал як гурӯҳ журналистонро аз байн бурд ва баъдан ба раҳбарони мухолифин ҳамла овард. Оқои Турғуналиев афзуд, аммо ин ҳукумат маҳз раҳбарони мухолифин ва журналистонро яксара ба табйизу таъқиб мувоҷеҳ намудааст ва мехоҳад, онҳоро ба маҳбас фиристад ва аз озодии баён нишоне намонад.

Ирина Карамушкина, депутати порлумон аз Ҳизби сосиал-демократ мегӯяд, мардуми кишвараш мехоҳад, дар фазои орому амн ба сар барад ва соҳиби ҳаёти шоиста бошад. Вай афзуд, аммо маълум нест, ки ҳукумат садҳо миллион доллари донорҳои байналмилалиро дар куҷо харҷ мекунад ва захираҳои тиллои Қирғизистон дар дасти киҳо қарор доранд.

Роза Отунбаева, раиси фраксияи Ҳизби сотсиал-демократ дар порлумони Қирғизистон
Ин депутати порлумон гуфт, то замоне ки ҳукумат рӯй ба ҷониби мардум намеорад, ҳаёти ин мардум ҳаргиз беҳбуд нахоҳад ёфт.
Роза Отунбоева, раиси фрактсиюни Ҳизби сосиал-демократ дар порлумони Қирғизистон гуфд, кушта шудани журналистон ва басташавии нашрияҳо аз бад шудани вазъи озодии баён дар кишвараш шаҳодат медиҳанд.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева бо ин талошҳои худ, ҳукумат дар назди мардуми кишвараш ҳаргиз эътибор пайдо нахоҳад кард.

Темир Сариев, раҳбари ҳизби «Ақ Шумқор» мегӯяд, тавассути тугмачаҳо садои радиоро хомӯш кардан мумкин аст, вале хомӯш кардани садои мардум кори саҳлу осон нест.

Муовини раҳбари дафтари САҲА дар Бишкек, ҷаноби Илян Дарӣ гуфт, ки дар ҳамаи кишварҳои узви ин созмон принсипҳои озодии баён бояд пирӯз бошанд.

Илян Дарӣ мегӯяд, талаби ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ ҳатман ба мақомоти раҳбарии САҲА ироа хоҳад шуд. Вай афзуд, созмони онҳо умедвор аст, ки ҳукумати Қирғизистон дар мавриди озодии баён ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунад ва бо радиои Озодӣ дар мавриди пахши барномаҳои он ба тавофуқ хоҳад расид.

Кормандони умури интизомӣ ин гирдиҳамоиро, ки гуфта мешавад, ду рӯз пеш аз баргузории анҷумани намояндагони мухолифин ва таъсиси намоишҳои эътирозии густарда дар Қирғизистон роҳандозӣ шуд, пароканда накард ва ба иштиокчиёни он имкон дод, ки баъди анҷоми он ихтиёран пароканда шаванд.


XS
SM
MD
LG