Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама куштор дар Сюдад-Хауресро маҳкум кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, куштори шаҳрвандони амрикоӣ дар Мексикаро шадидан маҳкум кард. Рӯзи шанбе бар асари як ҳамла дар шаҳри Сюдад-Хуарес, воқеъ дар шимоли Мексика, як хонум - корманди консулгарии ИМА ва шавҳари ӯ, ҳамчунин як марди мексикоӣ, ки хонумаш дар ин консулгарӣ кор мекард, ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти Мексика низ ин кушторро шадидан маҳкум намуданд ва Вошингтонро мутмаин сохтанд, ки қотилонро боздошт ва муҷозот хоҳанд кард. Мақомоти тафтишотӣ ҳадс заданд, ки куштор аз сӯи як гурӯҳи қочоқбари маводи мухадир содир шудааст. Аз соли 2006 ба ин сӯ дар Мексика, бар асари низоъҳои марбут ба хариду фурӯши маводи мухадир, тақрибан 18 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG