Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Қандаҳор хостори эъзоим нирӯи бештар шуд


Волии вилояти Қандаҳор Турёлай Висо баъди таркишҳои хунини шаби гузашта аз давлати Афғонистон хост, то ба ин вилоят нирӯи бештар бифиристад. Силсилаи таркишҳои шаби шанбе дар шаҳри Қандаҳор дастикам 30 нафар, бо шумули 10 тан аз меҳмонони як тӯйи арӯсиро кушта ва беш аз 50 танро захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти он ҳамлаҳоро Толибон бар ӯҳда гирифтанд. Қандаҳор - зодгоҳи ҷунбиши Толибон – бояд баъд аз анҷоми амалиёти Ҳилманд ҳадафи дуввуми нирӯҳои Афғонистон ва паймони низомии НАТО қарор мегирифт.
XS
SM
MD
LG