Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди мухолифини гурҷӣ аз навори "ҷанг"


Мухолифини гурҷӣ гузориши сохтаи телевизион дар бораи ҳамлаи Русияро як гоми тарғиботии давлат номиданд, ки ба сиҳҳати мардуми зиёде осеб расонд.
Хадамоти изтирорӣ мегӯянд, шаби шанбе дар соати пахши ин гузориш мавориди сактаи қалб ва афзоиши фишори хун босуръат боло рафтааст. Раҳбари мухолифин Нино Бурҷанадзе гуфт, ҳизби ӯ мехоҳад телевизиони “Имедӣ” ва мақомотро ба додгоҳ бикашонад. Гузориши “Имедӣ” бо истифода аз наворҳои замони ҷанги якуним соли пеш бо Русия тонкҳои Русияро намоиш медод, ки ба самти Тифлис ҳаракат доранд ва гӯё раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ кушта шудааст. Гузориш мегуфт, ки бархе аз раҳбарони мухолифин, бо шумули Бурҷанадзе ва сарвазири собиқ Зураб Ноғайделӣ ба тарафи русҳо гузашта, нирӯҳои гурҷиро ба ошӯб алайҳи давлат даъват кардаанд. Пеш аз пахши гузориш ба таври кӯтоҳ гуфта шуд, ки ин гузориш танҳо тасаввурист, вале дар ҷараёни пахши он ишорае намерафт, ки тасвирҳо ҳама ҷаълист.
XS
SM
MD
LG