Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА Исроилро ба музокироти билофосилаи сулҳ хонд


ИА аз Исроил даъват кард, музокироти сулҳ бо фаластиниҳоро билофосила аз сар бигирад. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катрин Эштон дар як нишасти ғайрирасмии вазирони ин созмон дар Шветсия гуфт: “Мо ба як макони аз роҳи музокирот ба сулҳ расида ниёз дорем ва ин бояд ба зудии зуд, балки ҳамин ҳоло ба даст биояд.”
Ин изҳорот дар ҳолест, ки тасвиби тарҳи бунёди манозили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз сӯи Исроил мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба бор овард. Амрико, Русия, СММ ва ИА – “чоргонаи сулҳи Ховари Миёна” - гуфтанд, ки иқдомоти якҷониба набояд ба натоиҷи музокироти сулҳ таъсир гузорад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки Исроил бо ин иқдом “як паёми хеле манфӣ” фиристод. Исроил барномаи бунёди 1600 манзил дар Байтулмуқаддаси шарқиро рӯзи сешанбе тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG