Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар вилояти Урузгон


Бар асари таркиши бомби роҳ дар вилояти Урузгони Афғонистон 6 нафар кушта шуд. Ҳуввияти қурбониён ҳанӯз рӯшан нест. Вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ҳамаи кушташудагон афроди ғайринизомӣ буданд. Аммо як мақоми пулис дар минтақа дар бораи ҳалокати 5 шибҳанизомии тарафдори давлат ва як ҷангӣ хабар додааст. Сухангӯи Толибон Қорӣ Муҳаммади Аҳмадӣ, дар ҳамин ҳол, ба хабаргузориҳои ғарбӣ гуфтааст, ки инфиҷори минае, ки чирикиҳо гузошта буданд, 7 шибҳанизомии тарафдори давлатро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG