Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнаи 2 обанбор дар Қазоқистон қурбонӣ овард


Вазорати умури изтирории Қазоқистон мегӯяд, баъд аз рахна шудани ду обанбор дар ҷануби ин кишвар селобҳои шадид ҷорӣ ва чанд нафар тӯъмаи ин селобҳо шудаанд. Вазорат дар эъломияе мегӯяд, "талафоти ҷонӣ вуҷуд дорад, шумораи афроди кушташуда ва ҳуввияти онҳо дақиқ мешавад". Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти бештар дода нашудааст. Баъд аз бориши боронҳои шадиди рӯзи панҷшанбе ва рахна шудани ду обанбор ҳазорон нафар аз сокинони атрофи шаҳри Алмаато аз маҳали зисти худ берун бурда шудаанд. Яке аз ин обанборҳо дар ноҳияи Оқсӯ воқеъ дар шимоли Алмаато ва дигарӣ дар наздикии ноҳияи Қаратол ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG