Пайвандҳои дастрасӣ

Зиёиёни рус хостори истеъфои Путин шуданд


Владимир Путин, нахуствазири Русия

Ҳазорон равшанфикрон, ҳунармандон ва шаҳрвандони оддии Русия бо як номаи дастаҷамъӣ хостори ба истеъфо рафтани нахуствазири ин кишвар Владимир Путин шудаанд.

Ин нома дар маҷаллаи интернетии “Ежедневний журнал” ба нашр расидааст. Тибқи иттилои ин сомона, то бегоҳии рӯзи панҷшанбе онро беш аз 2 200 нафар имзо кардаанд.

Дар дархост омадааст, ки “то замоне, ки қудрати аслӣ дар дасти Путин боқӣ мемонад, ислоҳоти ҳаққонӣ дар Русия ғайриимкон аст. Бозгашти кишвар ба масири аслии пешрафти демократӣ танҳо он замон оғоз мегардад, ки Путин фишангҳои идораи давлат ва ҷомеаро дар даст надошта бошад “.

Нависанда ва дигарандеши замони шӯравӣ Владимир Биковский, ки низ дархостро имзо кард, ба радиои Озодӣ гуфт, ки мухолифат ба ҳукмронии Путин ба таври устувор меафзояд.

“Хаёлҳои ботил вуҷуд дошт, аммо ҳоло ин хаёлҳо нопадид мешаванд. Бар асари ҳодисаҳои охир, бар асари мавҷи эътироз дар саросари кишвар, тавофуқи ом пайдо шуда истодааст. Мардум дарк карда истодаанд, ки сабаби бумбасти кунунӣ ин режиме аст, ки соли 2000-м истиқрор шуда буд”, - меафзояд ӯ.

Дигар шахсиятҳои барҷаста, ки дархостро имзо кардаанд, ҳомии ҳуқуқи башар Елена Бонер, ҳамсари барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел марҳум Андрей Сахаров, ҳунарпеша Алексей Девотченко, ҳунарпешаи барномаи танзомези “Куклы” Виктор Шендерович, ҳунарманд ва раҳбари ансамбли “Телевизор” Михаил Борзикин ва дигаронанд.

Аз намояндагони мухолифин зери дархост Борис Немтсов ва собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба шатранҷ Гаррӣ Каспаров имзоҳои худро гузоштанд.

Сардабири сомонаи интернетии “Ежедневний журнал” Александр Риклин ба радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз сомона мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифт. Риклин афзуд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ҳамлаи ҳакерӣ бо дархост иртибот дорад.

Ин дархост замоне интишор шуд, ки эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия ва аз ҳама шадидтар дар Калининград ба амал омааст. Тибқи тахминҳо, дар эътирозҳои Калининград дастикам 10 000 нафар ширкат варзид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG