Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои фарзанди президенти Қирғизистон


Имрӯз ҳудуди 3 000 нафар дар шаҳри Норини Қирғизистон раҳпаймоӣ карда, талаб гузоштанд, ки Максим Боқиев, фарзанди раиси ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев аз раҳбарии Ожонси рушд ва сармоягузорӣ истеъфои дода, тарки кишвар кунад. Максим Боқиеви 32-сола дар моҳи ноябр раҳбари ин ниҳоди тозатаъсиси давлатӣ таъйин шуд. Эътирозгарон ӯро ба сӯъиистифода аз мақом ва хатокорӣ дар ҷараёни хусусигардонии корхонаҳо айбдор карда, таҳдид мекунанд, ки агар ӯ то 16 март Қирғизистонро тарк накунад, даст ба эътирозҳои боз ҳам бузургтар хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG