Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус ду рӯзро дар Қирғизистон ба сар хоҳад бурд


Генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико имрӯз дар Бишкек бо раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мулоқот кард. Дар пайи музокирот, дафтари Боқиев гуфт, ки Қирғизистон “пуштибониаш аз барномаҳои эъмори муҷаддади Афғонистонро ҳамроҳ бо ҷомиаи байналмилалӣ идома хоҳад дод.”
Сафари генерал Петреус, ки амалиёти низомии Амрико дар Афғонистону Ироқро назорат мебарад, дар ҳоле сурат гирифт, ки Амрико тарҳи таъсиси як маркази тамринии зиддитеррор дар Қирғизистонро эълом кардааст. Бидуни овардани ҷузъиёт аз қавли сафорати Амрико дар Бишкек нақл мешавад, ки Петреус тайи ду рӯз бо мақомоти қирғиз музокирот хоҳад дошт.
Ҳам Амрико ва ҳам Русия дар Қирғизистон пойгоҳи ҳавоӣ доранд. Амрико пойгоҳаш дар фурудгоҳи Манасро ба манзури таъмини нирӯҳои худ дар Афғонистон истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG