Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Аҳмадинажод ба Кобул имрӯз сурат мегирад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, қарор аст, имрӯз барои дидору гуфтушунид бо раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, вориди Кобул шавад. Бино ба хабаргузориҳои эронӣ ин сафар мебоист рӯзи душанбе баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтод. Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, ки рӯзи душанбе ба Кобул сафар кард, Эронро дар бозии дугона дар Афғонистон айбдор кард ва гуфт, Теҳрон аз як сӯ аз давлати Афғонистон ҳимоят мекунад ва аз сӯи дигар дар ҷанг бо толибҳо ба Амрико халал мерасонад. Эрон ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро мояи асосии мушкилоти Кобул медонад.
XS
SM
MD
LG