Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Русия ба 15 сол ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон


Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Перм, Кутбиддин Холиқов, шаҳрванди Тоҷикистонро барои даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Полис Холиқовро ба он айбдор кард, ки тирамоҳи соли гузашта аз манзили кирояи ӯ 900 грамм ҳероин кашф шудааст. Холиқов ин иттиҳомро рад кард. Ҳамчунин зане, ки бо Холиқов ҳамзистӣ мекардааст, шаҳрванти Русия, низ дар паҳн кардани маводи мухаддир айбдор ва ба шаш сози зиндон маҳкум гашт.
XS
SM
MD
LG