Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико имрӯз дар ҷараёни боздидаш аз Ховари Миёна бо Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳадаф аз ин дидор аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна мебошад. Дар остонаи ин дидор Ҷо Байден гуфт, ки барои исроилиҳову фаластиниҳо "фурсати муносиб"-и сулҳ фаро расидааст. Оқои Байден рӯзи душанбе вориди минтақа шуд ва ҳамон рӯз эълон карданд, ки Исроилу Фаластин ба баргузории музокироти ғайримустақим бо миёнҷигарии Амрико розӣ шудаанд. 15 моҳ ин музокирот муттаваққиф шуда буд.