Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими ҷоизаҳои Оскар дар Ҳоливуд


Ситораҳои синемои ҷаҳон дар Ҳоливуд, аёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳида дар маросими тақдими ҷоизаҳои Оскар гирд омаданд. Имсол на 5, балки 10 филми беҳтарин барои ин ҷоизаҳо сабқат хоҳанд кард. Ҳунаршиносон ҳадс мезананд, ки мусобиқаи асосӣ байни ду асар, филми фантастикии "Аватар" ва фоҷиае аз ҷанги Ироқ, таҳти унвони "Дармонбахш" ҷараён хоҳад ёфт. Ҳарду филм ба нӯтоӣ Оскар пешбарӣ шудаанд, аз ҷумла барои беҳтарин коргардонӣ. Коргардони "Аватар" Ҷеймс Камерун ва "Дармонбахш" Кетрин Биглоуро инчунин собиқаи издивоҷашон дар солҳои 1989-1991 низ ба ҳам мепайвандад. Аммо Камерун гуфт, рақобате дар миён нест, зеро зану шавҳари собиқ дӯст боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG