Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаноатмандии Юнон аз пуштибонии Фаронса


Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ гуфт, кишвараш бо Юнон, ки гирифтори бӯҳрони шадид аст, ҳамраъйӣ хоҳад кард ва аз аъзои дигари Иттиҳоди Аврупо даъват хоҳад кард, ба Юнон мадад кунанд. Дар мулоқот бо Саркозӣ, сарвазири Юнон, Ҷорҷ Папандреу аз ҳусни нияти Фаронса истиқбол кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки кишварҳои узви иттиҳод ба Юнон дар коҳиш додани касри қариб 13-дарсадаи буҷааш кӯмак хоҳанд кард. Папандреу сафарашро идома дода, озими Вашингтон шудааст.
XS
SM
MD
LG