Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Иброҳим Ҳасанов ба хок супурда шуд


Иброҳим Ҳасанов, варзишгари маъруф, мураббии варзида, олими шинохта ва ходими давлатию ҷамъиятӣ рӯзи 7-уми март дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда шуд.

Дар маросими дафни мураббии саршиноси тоҷик Иброҳим Ҳасанов, ки 7-уми март дар шаҳри Душанбе, дар маҳалли зисти шодравон баргузор шуд, Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт: «Иброҳим Ҳасанов, ки даҳ соли ахир тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод, 2-юми март бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73- солагӣ дар Теҳрон аз олам даргузашт ва ҷасади ӯ рӯзи шанбе аз пойтахти Эрон ба Душанбе интиқол шуд. Даргузашти мураббии машҳур талафоти бузурге барои мардуми тоҷик аст. Иброҳим Ҳасанов, ки 9-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, аввал Донишкадаи омӯзгории пойтахт ва сипас Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, номзади илми тиб ва профессор буд. Иброҳим Ҳасанов солҳои 1984-85 раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985-91 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Вай ду бор депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст. Вале сарфи назар аз мавқеъ, обрӯ ва мартабаи иҷтимоие, ки дошт, ҳамеша хоксору фурӯтан буд».

Камонвари маъруфи тоҷик Зебуннисо Рустамова, раиси Созмони олимпичиёни Тоҷикистон, дар маросими дафн иброз дошт, ки касе то ҳоло дар соҳаи варзиш ба пояи Иброҳим Ҳасанов ва шогирдони ӯ нарасидааст. Вай афзуд: «Устод Иброҳим Ҳасанов 11 карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаиқронӣ дар байдарка буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст. Иброҳим Ҳасанов, унвонҳои баланди Устоди шоистаи варзиш ва Мураббии шоистаи Итиҳоди Шӯравиро дошт. Вай барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаиқронии ҷаҳонӣ ва аврупоӣ буд. Ӯ бо унвони фахрии «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ» ва дигар мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз шудааст. Профессор Иброҳим Ҳасанов, ки дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст, мураббии барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст. Аз ҷумлаи шогирдонаш Юрий Лобанов, қаҳрамон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон ва Михаил Лобанов қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон мебошанд».

Вале хонум Рустамова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон ба қадри ин устоди бузурги варзиш нарасиданд ва ӯ маҷбур
.....аввалин варзишгари тоҷик буд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст.
шудааст, ки барои рӯзгузаронӣ тӯли даҳ сол варзишгарони эрониро машқ диҳад ва дар он ҷо ба сар барад. Ба гуфтаи хонум Рустамова Иброҳим Ҳасанов ду моҳ қабл ҳангоми сафари охиринаш ба Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ӯ гуфтааст, ки моҳи март дигарбора ба Ватан баргашта, ба тарбияи шогирдон машғул мешавад. Вале марги нобаҳангом нагузошт, ки ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшад.

Дабири кулли Созмони қаиқронии Эрон Копитон Темуртош аз хидматҳои шоистаи Иброҳим Ҳасанов тӯли даҳ соли фаъолияти мураббигиаш дар Эрон суханронӣ карда, гуфт, вай аз байни ҷавонони эронӣ садҳо шогирдон ба камол расондааст, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавии қаиқронӣ муваффақ гаштаанд.

Дар маросими дафни мураббии саршиноси тоҷик, ҳамчунин, таъкид шуд, ки барои ҷовид гардондани номи Иброҳим Ҳасанов яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва мактабу иншооти варзишии кишвар ба номи ӯ гузошта шаванд.

Иброҳим Ҳасанов ба хок супурда шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
XS
SM
MD
LG