Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи Браун ба Афғонистон


Гордон Браун, сарвазири Бритониё, имрӯз бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд. Ӯ бо низомиёни бритониёвӣ, ки дар амалиёти густарда алайҳи ҷунбиши "Толибон" дар вилояти Ҳилманд ширкат мекунанд, дидору гуфтугӯ дошт. Браун ин амалиётро "паёми умед барои эътидоли авзоъ дар Афғонистон" номид. Сарвазири Бритониё изҳор намуд, ки нерӯҳои кишвар то анҷоми муваффақи рисолати худ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Ва аммо ӯ дар ин робита аз санае ном набурд.
XS
SM
MD
LG