Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, кори нерӯгоҳи ҳастаияш ба зудӣ оғоз хоҳад шуд


Мақомоти энержии Эрон гуфтаанд, нерӯгоҳи барқи ҳастаии Бушер, ки бунёдаш солҳост, кашол меёбад, дар чанд моҳи оянда ба кор сар хоҳад кард. Раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон, Алиакбар Солеҳ гуфтааст, нерӯгоҳ дар поёни баҳор ба тавлиди барқ оғоз мекунад ва коршаро монанди ҳамаи нерӯгоҳҳои ҳамсони дунё идома медиҳад. Русия, ки ин нерӯгоҳро барои Эрон месозад, ҳанӯз моҳи январ хабар дода буд, ки кори нерӯгоҳ имсол шурӯъ хоҳад шуд, вале кашол ёфтани иҷрои чунин эъломияҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бунёди нерӯгоҳи Бушер дар Эрон 15 сол пеш оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG