Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун аз тасмими ҷанги Ироқ ҳимоят кард


Сарвазири Бритониё, Гордон Браун, дар як бозпурсии ҷамъиятӣ пуштибонии кишварашро аз ишғоли Ироқ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида "тасмими дуруст" номид. Браун дар назди ҳайати таҳқиқи ҷанги Ироқ, ки сабабҳои ворид шудани Бритониё ба ҷанг ва талошҳои бозсозиро баррасӣ мекунад, посух дод. Шоҳидон гуфтанд, Браун он замон вазири молия буд ва дар тасмими ҷангу пайомадҳои он нақши калидӣ бозидааст. Қарор буд, баёноти Браун баъд аз интихоботи моҳи май баргузор шавад, вале бо фишори рақибони сиёсияш ӯ маҷбур гашт, ҳоло гузориш диҳад. Қаблан, дар моҳи январ,сарвазир собиқ Тони Блейр низ ба ин ҳайат баёнот додааст.
XS
SM
MD
LG