Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адами раъйи эътимод ба кобинаи Тимошенко


Парлумони Украина имрӯз ба кобинаи вазирони сарвазир Юлия Тимошенко раъйи адами эътимод дод ва ин кобинаро маҷбур ба истеъфо кард. Аз 450 вакили Верховни Рада 243 нафар аз пешниҳоди истеъфои кобина пуштибонӣ карданд.
Ин пешниҳоди ҳизби минтақаҳои Виктор Янукович буд. Янукович дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Украина дар як моҳи пеш Тимошенкоро шикаст дод.
Акнун ҳизби минтақаҳо бояд дар зарфи 30 рӯз эътилофи нави ҳокимро ташкил диҳад, вагарна раисиҷумҳур Виктор Янукович ҳаққ дорад парлумонро пароканда ва интихоботи нави парлумонӣ даъват кунад.
Хонум Тимошенко имрӯз гуфта буд, ки дар сурати пуштибонии парлумон аз раъйи адами эътимод, кобинаи ӯ билофосила ба истеъфо хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG