Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози арман дар Қарабоғи Кӯҳӣ


Вазорати дифои Арманистон хабар дод, ки дар як даргирӣ дар минтақаи ҷанҷолии Қарабоғи Кӯҳӣ як сарбози арман кушта шудааст. Зимни ин воқеа мақомоти Арманистон тарафи Озарбойҷонро дар нақзи оташбас айбдор кард. Озарбойҷон ҳанӯз шарҳе надодааст. Минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки сокинонаш арманитаборанд, дар оғози солҳои 1990-ум аз Озарбойҷон ҷудо шуд. Дар ҷанги байни он ва Озарбойҷон, ки Амранистон ҳам ширкат кард, соли 1994 оташбасе эълон гардид, ки маъмулан аз ҳарду тараф вайрон мешавад. Гуфтушунидҳо таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Русия то ҳанӯз сулҳи пойдореро дар ин ҷо барқарор накардаанд.
XS
SM
MD
LG