Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Янукович бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо


Виктор Янукович – раиси ҷумҳури Украина, дар нахустин сафари хориҷиаш ба Аврупо бо мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтӯгу анҷом медиҳад. Виктор Янукович аз ҷумла бо Ҳерман Ван Ромпуӣ - раиси Иттиҳодияи Аврупо, Хосе Мануел Барросо – раиси Кумиссиёни Аврупо ва Йиржӣ Бузек – раиси порлумони Иттиҳодияи Аврупо, гуфтӯгу мекунад. Масъалаи интиқоли бехалали гази Русия аз тариқи Украина ба Аврупо ва ҳамчунин талоши Украина барои дастёбӣ ба сафари бидуни раводиди шаҳрвандонаш ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мавриди баҳси ҷонибҳост. Виктор Янукович охири ҳамин ҳафта дар шаҳри Маскав бо раҳбарони Русия дидор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG