Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз САҲА ба интиботи Тоҷикистон баҳо медиҳад


Қарор аст имрӯз, 1-ӯми март дар Душанбе хонум Пиа Кристмас Моллер-раҳбари нозирони интихоботии САҲА дар бораи наҳваи баргузории интихоботи порламонии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор кунад. Вай муовини раиси Маҷмаи Порламонии САҲА мебошад ва 24-ӯми феврал ҳангоми вурудаш ба Душанбе дар ин бора хабар дода буд. 200 нафар нозирони интихоботии САҲА бар ҷараёни интихобот назорат карданд. Нозирони интихоботии кишварҳои ғарбӣ то ҳол боре интихоботи Тоҷикистонро озоду одилона арзёбӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG