Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои харобиовари зилзилаи шадид дар Чилӣ


Шумораи кушташудагон дар заминларзаи шадиди Чилӣ, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад, ба 300 нафар расидааст.

Мақомоти Чилӣ бим доранд, ки ин шумораи ғамангез метавонад, афзоиши бештар ёбад.

Маркази заминҷумбӣ, ба иттилои марказҳои зилзилсанҷӣ дар 300 километрии ҷанубуғарби Сантяго, пойтахти Чилӣ ва дар 100-километрии дувумин бузургтарин шаҳри Чилӣ, Консепсион воқеъ гаштааст.

Заминларзаи ваҳшатангези Чилӣ дар айни бомдод ба вуқӯъ пайваста, ҳазорон нафарро аз хонаҳояшон ба кӯча ронд. Биноҳои пасту баланд ҳамзамон фурӯ рехтанд ва хатҳои барқу телефонро гусастанд. Акнун на ба ҳамаи манотиқи кишвар робитаи телефонӣ мавҷуд аст ва иттилоъ аз гӯшаву канори он ба душворӣ мерасад.

Раисиҷумҳури Чилӣ, Мишел Бачелет, ба думболи зилзилае, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер шумурда мешавад, дар кишвараш "вазъи фалокатбор" эълон кард ва аз мардуми Чилӣ хост, оромиро ҳифз кунанд. Вай гуфт, мақомот дар ҳоли омӯзиши пайомадҳои заминларзаанд. Хонуми Бачелет мегӯяд, "ҳоло тамоми иттилоъ дар бораи роҳҳо, бемористонҳо, хонаҳо, биноҳои маъмурӣ, хуллас тамоми осеб ва албатта, қурбониёну захмиён ҷаммъоварӣ мешавад".

Телевизиони Чилӣ хонаҳои фурӯафтода ва шаҳрвандони даступохӯрдаро нишон медиҳад, ки дар нимрангиҳои бомдод дар миёни шикастпораҳои хонаи худ мегарданд.

Хабарнигори телевизион аз шаҳри Темуко дар маркази Чилӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи зилзила бемористони ин шаҳр осеб дидааст. Вай мегӯяд, "бино дар ҳоли хатарнок аст ва беморону пизишкон ба ҷои дигар кӯчонида шуданд. Ин ҳам дар ҳоле ки аксари онҳо шадидан беморанд. Таҷиҳзоти тиббӣ шикастааст, об нест."

Вай меафзояд, ҳоло бисёр одамон дар кӯчаанд, махсусан кӯдакон. Одамон талош доранд, бо хешу наздикони худ тамос бигиранд. Маркази зилзила дар 100-километрии Консепсион, дувумин бузургтарин шаҳри Чилӣ воқеъ шудааст. Дар ин шаҳр 670 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Ин шаҳр, ҳамчунин Сантяго, пойтахти кишвар ва бисёр шаҳрҳои дигар зиён дидаанд. Соли 1960 дар ин ҷо заминҷумбие бо нерӯи 9,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер ба амал омада, чандин шаҳрро ба хок яксон карда буд. Дар он зилзила, наздик ба 1 700 нафар кшута ва ҳазорон нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Мавҷи сунами аз он зилзила то соҳилҳои Ҳавайӣ, Ҷопон ва Филиппин расида буд. Ин бор ҳам аз эҳтимоли сунамии сахт дар ин манотиқ ва ҳамчунин Зеландияи Наву Сахалини Русия ҳушдор дода мешавад.
XS
SM
MD
LG