Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи телевизионӣ ба муносибати мавлуди паёмбар


Масҷиди ҷомеи шаҳри Қазон дар ҷашнвораи телевизионие бахшида ба рӯзи мавлуди паёмбари ислом ширкат кард. Ин ҷашнвора, ки телевизиони давлатии Туркия баргузор намуд, мусулмононро дар Қазон, Истамбул, Қоҳира, Скопйе, Каркук ва Мадина дар як намоиши мустақим бо ҳам пайванд дод. Намоиши идона ҳамзамон дар чанд шабакаи телевизионӣ пахш шуда, бино бар хабарҳо наздик ба 300 миллион нафар дар кишварҳои туркзабон онро тамошо кардаанд. Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия, ки нахустин бор дар чун як ҷашнвора ширкат дошт, худро "пойтахти исломии Русия" мешуморад.
XS
SM
MD
LG