Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудагони зилзилаи Чилӣ ба 76 нафар расид


Шумораи кушташудагон дар заминларзаи шадиди Чилӣ, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад, ба 76 нафар расидааст. Дар ин бора мақомоти давлати Чилӣ хабар додаанд. Раисиҷумҳури Чилӣ, Мишел Бачелет дар кишвараш вазъи фалокатбор эълон кард ва аз мардум хост, хештандорӣ кунанд. Маркази заминҷумбӣ, ба иттилои марказҳои зилзилсанҷӣ дар 300 километрии ҷанубуғарби Сантяго, пойтахти Чилӣ ва дар 100-километрии дувумин бузургтарин шаҳри Чилӣ, Консепсион воқеъ гаштааст. Дафъатан пас аз такони аввал зилзилаи дувум рӯй додааст, ки нерӯи он 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст. Ситоди огоҳӣ аз маддуҷазри Амрико дар уқёнуси Ором аз бархостани тсунами дар соҳилҳои Чили ва Перу иттилоъ додааст. Нимаҳои моҳи январ дар чунин заминларзаи шадид дар Ҳаитӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд.
XS
SM
MD
LG