Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Русия аз бархӯрди НАТО бо маводи мухаддир


Раиси Хадамоти федероли Русия дар назорат бар маводи мухаддир аз бархӯрди НАТО ба парвариши хашхош дар Афғонистон интиқод кард. Виктор Иванов гуфт, НАТО танҳо киштзорони марбут ба Толибонро ҳадаф қарор додааст, ки ақаллиятро ташкил медиҳанд ва 99 дарсади бори мубориза бо парвариши хашхош дар Афғонистонро бар дӯши мақомоти маҳаллӣ гузоштааст. Афғонистон дар ҳоли ҳозир бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дониста мешавад ва бахши аъзами он аз тариқи Осиёи Марказӣ ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG