Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳамлаҳои Кобулро бар дӯш гирифтанд


Ҷунбиши Толибони Афғонистон масъулияти бамгузориҳо дар маркази шаҳри Кобулро бар ӯҳда гирифтааст. Дар ин ҳамлаҳо 14 нафар аз ҷумла, чанд шаҳрванди хориҷӣ низ кушта шудаанд.

Толибони Афғонистон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифтаанд ва дар он, дасткам, 5 бамгузори интиҳории Толибон ширкат доштаанд. Ин гурӯҳи бамгузорон аслан меҳмонхонаҳои хусусиро дар маркази шаҳри Кобул ҳадаф қарор додаанд. Пулис мегӯяд, дар миёни ононе, ки дар ин бамгузориҳо ба ҳалокат расидаанд, 5 шаҳрванди Ҳиндустон ва як шаҳрванди Италия низ будаанд. Ин бамгузориҳо дар маҳалле анҷом гирифтааст, ки дар он он ҷо аслан биноҳои давлатӣ ва марказҳои тиҷоратаӣ ҷойгиранд.

Бернард Кучнер-вазири корҳои хориҷаи Фаронса зимни суханони худ дар Порис таъйид кард, ки дар миёни кушташудагон як шаҳрванди Фаронса низ будааст. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки кормандони пулис низ дар ин ҳодиса кушта шудаанд. Аммо дар миёни ононе, ки дар бамгузориҳо ҷароҳат бардоштаанд, 8 нафар табибони ҳиндӣ низ ҳастанд, ки дар Кобул кор мекарданд.

Ин ҳамлаҳо субҳи рӯзи ҷумъа бо бамгузории хурди интиҳорӣ дар назди маркази тиҷоратии Сафӣ Ландмарк оғоз шуд ва дар назди ду меҳмонхонаи хусусӣ, ки дар онҳо аслан шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ба сар мебаранд, идома ёфт. Қадарӣ Самоҳ-соҳиби як мағоза ба хабаргузории Ройтерз гуфт: "Як соат пештар як қарсас шуд. Ҳамин шиша қариб худи моро кушта буд. Берун баромадем, ки аз ҳамин ҳутали ҳиндуҳо аз боло тарақу парақ норинҷак андохтанд".

Дар ҳамон маҳалла маргталабон меҳмонхонаи Боғро, ки дар он хориҷиён зуд-зуд иқомат ихтиёр мекунанд, ҳадаф қарор доданд.
Абдулғаффор Саидзода-раиси бахши мубориза бо ҷурму ҷиноёти шаҳрдории Кобул мегӯяд, чанд соат пеш нируҳо минтақаро муҳосира кардаанд ва баъд аз табодули оташ бо ҳамлакунандагон ҳоло вазъ пурра зери назорати нируҳои амниятӣ даромадааст.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар як эъломия ин ҳамлаҳоро ба таври ҷиддӣ маҳкум кард ва гуфт, чунин табаҳкорӣ наметавонад муносиботи Афғонистону Ҳиндустонро халалдор кунад. Дар субҳи боронии ин ҳамлаҳо мардум камтар дар хиёбонҳо ба назар мерасиданд ва онҳо рӯзи Милод-ал-Набӣ ё таваллуди Муҳаммад-паёмбари исломро гиромӣ медоштанд.Кошиф-як шаҳрванди Ҳиндустон, ки дар наздикии меҳмонхона қарор дошт, чунин гуфт: "Вақте, ки садои тирандозӣ ва инфиҷор баланд шуд, мо дар ҳуҷраи худ будем. Мо надидем, ки чӣ тавр одамон кушта ё захмӣ шуданд, чунки мо дарҳоро баста будем".

Забиҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар сӯҳбати телефонӣ ба як хабаргузории ғарбӣ гуфтааст, ки масъулияти ҳамларо ҷунбиши Толибон бар ӯҳда мегирад ва ин ҳамлаҳоро 5 нафар маргталабони Толиб дар 2 меҳмонхона анҷом додаанд. Аз 18-ӯми январи соли ҷорӣ ба ин сӯ вазъ дар Кобул ором буд. Дар ҳамлаҳои 18-ӯми январ 12 нафар кушта шуда буданд, ки 7 нафари онҳо худи ҳамлакунандагон буданд.
XS
SM
MD
LG